КОНСТИТУТСИЯ ТАЪМИНАГАРИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲО

%d1%88%d0%b0%d0%bc%d1%81%d0%b7%d0%be%d0%b4%d0%b0-%d0%b0

    Конститутсияи ҷадид ва ҳоло амалкунандаи мо, дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор меравад ва бе муболиға Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофу устуворгардонии давлатдории миллии мо аҳамияти ҷидди ва нақши барҷаста дорад.
Бояд тазаккур дод, ки Конститутсия дар низоми давлатдории ҳар як мамлакат мавқеъ, моҳият ва аҳамияти хосса дорад. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустаъқил ва рў ба инкишоф, ки узви бевоситаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи назаррас дорад, Конститутсияи он ба қатори Конститутсияҳои пешрафтатарин давлатҳои ҷаҳон фарогири тамоми манфиат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Шаҳодати ин гуфтаҳо дар он зоҳир мегардад, бевосита дар Конститутсии амлкунандаи Тоҷикистон, ки баъди ба даст овардани Истиқлолият бо тариқи райъпурсии умумихалқи аз ҷониби мардуми Тоҷикистон санаи 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, бори аввал чунин муқаррарот пешбини карда шуд, ки ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқўқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд, давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф намуд ва ба худ уҳдадорӣ гирифт, ки онҳоро риоя ва ҳифз менамояд.
Конститутсия халқро дар Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ҳисобида, муқаррар намуд, ки халқ иродаашро метавонад бевосита ва ё ба восиати вакилони худ амали намояд.
Эълон карда шуд, ки дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад, вале дар баробари ин мафкура ягон ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва ё гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Инчунин таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зурӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташки гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд манъ гардид.
Хоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмўи афкору андешаҳои кулли мардуми Тоҷикистон буда ба ҳайси як «Барномаи мукаммали ҳаёти наслҳои имрўзу ояндаи мамлакат» — хизмат намуда, онҳоро ба сўи бунёди давлатӣ комилан демократию ҳуқуқбунёд ҳидоят менамояд.
Танҳо бо иҷрои ҳамин вазифаи муҳими давлат кафолати умдаи конститутсионӣ — бунёди ҷомеаи адолатпарварро амали карда метавонад.
Конститутсия, ки кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, маҳз бо таъмини волоияти он муносибатҳои гуногуни ҳаёти, ҷамъиятӣ — сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ инкишоф ёфта, дар устувор гардонии давлату давлатдорӣ Конститутсия нақши асоси бозида метавонад, зеро ҷавҳари асосии давлати ҳуқуқбунёду демократӣ дар волоият дошттани қонун, муқаддам будани он дар фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва ҷомеа зоҳир мегардад.
Дар иртибот ба эҳтироми Конститутсия ҳамчун кафили ҳуқуқ ва озодиҳо ҳанўз соли 2004, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз карда буданд, ки «Мо бояд эҳтироми ин санади (Конститутсия) танзимгари ҳаёти ҷомеаро омўзем, аз ин имкониятҳои он ҳар чи бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардад».
Бо такя ба ин таъкидҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як нафаре, ки Давлату Миллати худро қадр мекунад, бояд Конститутсияро пайваста омўзад, меёрҳои онро риоя намояд ва баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон пайваста кўшиш намояд.
Аз ин фурсати муносиб истифода намуда, аз номи худ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Кўлоб, кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро, ба ифтихори ҷашни бузурги рўзи қабули ин санади сарнавиштсоз, Конститутсия, самимона табрик гуфта, ба ин мардуми шариф пойдории ҳаёти осоиштаро абадан хоҳонам.

              Бо эҳтиром
   Судяи суди шаҳри Кўлоб                  Шамсзода Алимардон Назир.

Закладка постоянная ссылка.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *