Рўзи 25 октябри соли 2017 дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 12-уми Раисони Судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид.

          Дар кори ҷаласа Раиси Суди Олии Федератсияи Россия Лебедев В.М., Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон К.Мами, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Узбекистон Комилов К., Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон Токбаева А.А., муовини аввали Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Мардумии Чин Д.Ванхуа, судяи калони Суди Олии Ҷумҳурии Исломии Покистон Аҳмад Г., сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Убекистон В.Кумар, инчунин муовини Котиби генералии СҲШ Имандосов С.А., муовини Директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Мукашев А. иштирок намуданд.
             Бояд қайд кард, ки давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар самти таъмини амният, ҳифзи сулҳу суботи кишварҳо, таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа ҳамкориҳои судмандро амалӣ намуда истодаанд.
       Дар баробари дигар сохторҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ дар кори фаъолона ва доимию самараноки ин созмон дар самти рушду инкишофи ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо, нақши судҳои Олии давлатҳои аъзо назаррас мебошанд.
          Аз натиҷаи ҷаласа Изҳороти муштараки раисони Судҳои Олии давлатҳои аъзои СҲШ оиди идомаи ҳамкориҳои роҳбарони мақомоти судии давлатҳои аъзои ин Созмон қабул гардид. Тибқи он дар назар дошта шудааст, ки муносибатҳо оиди доираи васеи масъалаҳои манфиатҳои тарафҳоро ифодакунанда, ки ба рушди фазои ҳусни тафоҳум, инкишофи муносибатҳои дўстона ва боваринок мусоидат менамоянд, идома дода шаванд.
            Ҳамин тариқ, ҷаласа дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, барои минбаъд мустаҳкам гардидани робитаҳои байни Судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мусоидат хоҳад намуд.

Бахши иттилооти

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

www.sudioli.tj

Закладка постоянная ссылка.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *