ВОХУРИ ВА СУҲБАТҲОИ СУДЯҲОИ СУДИ ШАҲРИ КӮЛОБ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ КӮЛОБИ ШАҲРИ КУЛОБ

Муовини Раиси суди шахри Кулоб Ҷалилзода С.Х. ва судяҳои суди шаҳри Кӯлоб Бобоҷон Шералӣ, Муҷидинзода А.А. ва Алимзода Ҳ.А. рӯзи 04.10.2017 сол дар байни сокинони Ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон суҳбатхо гузаронида, дар байни сокинони Ҷамоати дехоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб мазмун ва моҳияти қонунҳои мазкурро фаҳмонида доданд.
Дар вохурии мазкур зиёда аз 40 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб иштирок варзида, доир ба саволҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиёни вохурӣ аз тарафи Муовини Раиси суди шаҳри Кӯлоб Ҷалилзода С.Х. ва судяҳои суди шаҳри Кӯлоб Бобоҷон Шералӣ, Муҷидинзода А.А. ва Алимзода Ҳ.А. ҷавобҳои мушахас гардонида шуд.

Закладка постоянная ссылка.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *