ВОХУРИ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

Рӯзи 22-юми майи соли 2017 тибқи нақшаи тарҳрезишудаи Суди шаҳри Кӯлоб ва прокуратураи шаҳри Кӯлоб дар мувофика бо Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Раиси суди шахри Кӯлоб Шарифзода Б.Б., прокурори шаҳри Кӯлоб Имомзода Р., ёрдамчии прокурори шаҳри Кӯлоб Сайфуллозода Ҷ., Сардори шӯъбаи гуруҳи фаврии КДАМ дар минтакаи Кӯлоб полковники амният Мираков К. ва сарнозири бахши пешгирии коррупсияи Агентии давлатии назорати молияви ва мубориза бар зидди коррупсия дар минтакаи Кӯлоб Махмадзода К. дар мавзуҳои мубрами рӯз аз ҷумла 20-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна хизбу харакатхои динии хусусияти террористи дошта, пешгирии чиноятхои дорои хусусияти коррупсиони дошта ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ бо иштироки омузгорон ва донишчуёни донишгохи мазкур вохуриву суҳбатхояшонро дар давоми ду соат ба сахми иштирокчиён расониданд, ки дар ин вохури зиёда аз 150 нафар донишчуён иштирок дошта, дар рафти суҳбат аз тарафи шахсони масъул ба саволхои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Закладка постоянная ссылка.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *