ИСТИҚЛОЛИЯТ ҶАВҲАРИ АСОСИИ ЗИНДАГИИ МИЛЛАТ АСТ.

Без имени-1

Давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллати тоҷикон Ҷаноби Оли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъғйиротҳои бузургро дар арсаи ҷаҳон ба даст овард, ки имрӯзҳо 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамонро бо тантана пешвоз мегирем. 

Қобили қайд аст, ки муқовиматҳои сиёсӣ байни гуруҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, ки бештар тамоюли маҳалчигӣ доштанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷкистон  тули солҳои 1990-1991-ум идома ёфтанд.

Бо назардошти вазъияти ба вуқӯъ омада 9­уми сентябри соли 1991­ум иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд, ки баҳри таъсиси давлатӣ демократии ҳуқуқбунёд, ки сатҳи сазовори зиндагониро таъмин намуда, ҳимояи шараф ва эътибори ҳар як шаҳравандро таъмин мекунад, замина гузошт.

Моҳи ноябри соли 1992-юм дар иҶлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қасри Фарҳанги хоҷагии ба номи Урумхоҷаев баргузор гардида буд, бо пазироии вакилони халқ аввалин маротиба парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз дар толори қасри сулҳовар ҷилва намуд. Сарвари тозаинтихоби тоҷикон Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат, Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомали Раҳмон чун рамзи эҳтиром парчами кишварамонро бусида, сипас ба иҷрои вазифа шуруъ намуд.  

        Ба ҳамагон маълум аст, ки дар солҳои 1992 то 1997­ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалётҳои ҷанги ва муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарби сар зада буд, ки аввалин шахсияте, ки барои барқарор кардани сохти конститутсионии давлати Тоҷикистон камари ҳимат баст, ин ҳамбошад Ҷаноби Оли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо иқдоми хирадмандонаи Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ ба ин даргириҳои сиёсӣ ва ҷангҳои дохили хотима бахшида шуда, дар Ҷумҳурии ҷангзадаи мо сулҳу амони ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо шуд. Ин ҳам бошад бо некқадамии, сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Ҷаноби Оли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

     Таърихи навини давлати тоҷикон бо заҳмати шабонарӯзи  ва сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат, Ҷаноби Оли, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кутоҳ ба қабули нахустин Консититутсияи соҳибистиқлоли худ, арзишҳои демократи дошта, ки ҳокимияти давлати дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суди амали мегардад ва дигар қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқи, ки 6­уми ноябри соли 1994­ум қабул гардид, ки яке аз музаффариятҳои даврони истиқлол мебошад. 

     Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули аввалин Конститутсия дар даврони истиқлолият, ки илҳомбахш ва асосгузорӣ бевоситаи он Асосгузори Сулҳу Ваҳдат ва Пешвои миллати тоҷикон Ҷаноби Оли Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бори нахустин мувофиқи моддаи 9-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудани муқарарот дар бораи амали гаштани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он бо ҳокимияти Қонунгузор, Иҷроия ва Суд ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақил замина гузошт, маҳз пас аз қабули конститутсия, зарурияти гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ, қабули қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои асосие, ки фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба танзим медароранд, ба миён омад. Бо ин мақсад 1­уми декабри соли 1994-ум қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти Конститутсионӣ қабул карда шуд, ки дар заминаи он соли 1995 қонунҳои Конститутсионӣ дар бораи сохтори судӣ ва дигар қонунҳо қабул шуданд, ки онҳо бе восита самараи истиқлоият мебошанд, оғоз бахшида аз тарафи дигар сохтори судии мамлакатро ба танзим даровард. Боиси қайд аст, ки 26 сентябри соли 1999-ум дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағироту иловаҳо ворид гардида, барои сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд қадами устувор гузошта шуд. Дар ин замина Тоҷикистон соҳиби Парлумони касби ва доимамалкунанда гардид. Ин ҳам  бошад тавассути  сиёсати хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллати тоҷикон Ҷаноби Оли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самараи Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон мебошад.

        Қобили қайд аст, ки ба ифтихор ва қадрдонии беандоза аз неъматҳои бебаҳои истиқлолият ва қабули конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он шаҳсутун ва шиносномаи давлат ва миллати тоҷикон мебошад, дар тули солҳои истиқлолият ба хотири сулҳу амони ба таъмини сохибихтиёрии давлати азизамон ва рушду камоли он ва ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки се маротиба  ба ин конститутсия тағийру иловаҳо ворид карда шуд. Инҳам бошад бори аввал 26­уми сентябри соли 1999,  бори дуюм 22­юми июни соли 2003 ва бори сеюм бошад 22­юми майи соли 2016. Бо баракати истиқлолият ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқи тоҷик бо дастовардаҳои бузург дар ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ободонии кишвари азизамон ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ комёб гардида, давра ба давра ба сўи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дуняви пеш меравад.  

     Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёрии тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустаъқилона пеш мебарад.

       Дар давоми 25­соли соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари ғамхори миллат ва бо сайъу кушиши иқдоми хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллати тоҷикон Ҷаноби оли мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кам кардани сатҳи камбизоати ва баланд бардоштани сатҳу зиндагии мардуми кишварамон ва масъулияти падару модарон нисбати таълиму тарбияи фарзандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду қонуни миллӣ қабул гардид, ки ин ҳам бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 08.06.2007­ум сол ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулиятиу падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 02.08.2011­ум сол қабул гардид, ки ин ҳам бошад, яке аз музафарраиятҳои даврони истиқлол мебошад.

       Бигзор диёри соҳибистиқлол ва тозабунёди тоҷикон бо сарварии ҳамешагии Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сарсабузу обод, мардуми тоҷик шоду хуррам ва дар осмони софу бегубори ватани азизамон сулҳу салоҳ, тинҷию амони, бахту саодат доимо ҳукумфармо бошад. 25­солагии Истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистонамон ба ҳаммаи сокинони Ҷумхурии Тоҷикистон муборак бошад.

 

           Бо камоли эҳтиром:

       Раиси суди шаҳри Кўлоб

            Шарифзода Б.Б.

Закладка постоянная ссылка.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *