АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Без имени-1

Асосгузори сулҳу ваҳдат ва пешвои миллат интихоб шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон дар иҷлосияи маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон як рӯзи ид ва иқдоми нек мебошад, ки ин пешниҳод аз тарафи тамоми сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон якдилона қабул карда шуда ва ба ғайр аз Ҷаноби Оли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон касе ба ин унвони Пешвои Миллат лоиқ нест чунки ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки дар солҳои 1992 то 1997-ум сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалётҳои ҷанги ва муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарби сар зада буд, ки аввалин шахсияте, ки барои барқарор кардани сохти конститутсионии давлати Тоҷикистон камари ҳимат баст, ин ҳам бошад Ҷаноби Оли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо иқдоми хирадмандонаи Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ ба ин даргириҳои сиёсӣ ва ҷангҳои дохили хотима бахшида шуда, дар Ҷумҳурии ҷангзадаи мо сулҳу амони ва ваҳдати милли ҳукмфармоҳ шуд. Инҳам бошад бо некқадамии, сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Ҷаноби Оли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои Миллат Ҷаноби Оли Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти арзанда ва ягона мебошад.

            Раиси суди шаҳри Кӯлоб
                    Шарифзода Б.Б.

Закладка постоянная ссылка.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *