Толори маҷлисгоҳи судӣ оиди баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ноболиғон

_20150430164932_20150430164935
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ислоҳоти судӣ барои солҳои 2015-2017 қабул карда шудааст, ки оиди дар амал татбиқ намудани самтҳои барномаи мазкур дар шаҳри Кӯлоб татбирҳои мушахас амали гардида истодааст.
Дар идомаи ҳамин иқдом дар суди шаҳри Кӯлоб нахуст толори маҷлисгоҳи судї оиди баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ноболиғон бо иштироки Раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло А. намояндагони шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои саҳмгузор ифтито ёфт.
Бинои мазкур дорои ду ҳуҷра ва як толори маҷлиси буда, бо мусоидати шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои саҳмгузор сохта мавриди истифода қарор дода шуд.
Раиси суди шаҳри Кӯлоб Шарифзода Б.Б. дар баромадаш қайд кард, ки  барои ба амал баровардани адолати судӣ, хифзи ҳуқуқи шаҳрванд, давлат, манфиати ташкилот, муассиса ва таъмин намудани адолати иҷтимои дар Ҷумҳурии Тољикистон ва барои беҳтар намудани фаъолияти судҳо соли 2015-ум то соли 2017-ум  барномаи ислоҳоти судї бо фармони Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон қабул гардида шудааст.
Барои суди шаҳри Кӯлоб як бинои замонавӣ барои баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ноболиғон сохта ба истифода дода шудааст. Аз рӯи таъиноташ дар ин бино танҳо парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ноболиғон баррасӣ карда мешавад.

Закладка постоянная ссылка.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *